РУШДИ ҲАМКОРИИ ФАРҲАНГИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 20 июн. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов дар шаҳри Маскав дар конфронси байналахалқӣ ширкат варзид, ки дар мавзӯи «Муколамаи фарҳангҳо-омили муҳими рушди ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ» баргузор гардид. Конфронс таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гузашт. Дар маросими ифтитоҳи он ёвари президенти Русия, раиси Шӯрои ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ Ҷаҳон Полиева, вазири маориф ва илми Қазоқистон Ҷонсаид Тӯймабоев, намояндаи махсуси президенти Русия дар Шӯрои ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой ва дигарон сухан карданд. Дар конфронс самтҳои муҳимтарини ҳамкории фарҳангии мамлакатҳои ИДМ, барномаҳои гуногун дар соҳаи муколамаи фарҳангҳо, ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва ғайра муҳокима шуданд. Иштирокчиёни конфронс пешниҳодро дар бораи тартиб додани феҳрасти ёдгориҳои дорои аҳамияти махсуси фарҳангии мамлакатҳои ИДМ, густариш додани равобити созмонҳои ҷавонон, ба роҳ андохтани ҳамкории илмии донишҷӯён ва олимони ҷавон, инчунин тартибу таҳияи барномаҳои таълимиро барои мактабҳои олии омӯзгорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






