САНДУҚИ 1,5 МИЛЛИАРДАИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН МЕМОНАД
Душанбе, 19 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба мушкилоти бӯҳрони молиявӣ нигоҳ накарда, Ҷумҳурии Мардумии Чин маблағгузориашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Тибқи созишномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сармоягузорони ин давлати тавоно дар сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод- 1», ки иқтидори лоиҳавиаш 350 ҳазор кВт соатро ташкил медиҳад 560 млн. доллар ҷудо мекунад. Бо оғози соли 2010 кор дар ин иншоот оғоз меёбад. Ҳамчунин барои Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 400 млн. доллар, барои корҳои иловагии хатти интиқоли барқи 220 кВт-аи «Ҷануб- Шимол» 61млн, барои азнавсозии роҳи «Душанбе- Данғара» 51 млн. ва барои сохтмони корхонаи сементбарорӣ, ки ҳаҷми истеҳсоли яксолаи он баробари 1 млн.тонна мебошад, 350 млн. доллар тахассус додаст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






