ТИБҚИ МАЪЛУМОТИ РАСМӢ КИШТИ НАШЪА КАМ ШУД

Июнь 8, 2009 11:41

                  Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти расмии Раёсати СММ доир ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, соли 2008 масоҳати кишти маводи мухаддир, аз ҷумла кӯкнор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар муқоиса ба соли 2007 19 фоиз кам гардид.                   Ба кам шудани масоҳати кишт нигоҳ накарда, истеҳсоли он беш аз 7 ҳазору 700 тонна ба қайд гирифта шудааст, ки ин 93 фоизи истеҳсоли умумии кӯкнорро дар ҷаҳон ташкил медиҳад.                   Кишти зиёди кӯкнор дар соли 2009 дар қисмати ҷанубӣ-ғарбии Афғонистон дар масоҳати 154 ҳазору 826 гектар ба қайд гирифта шудааст.                  Дар қисмати ба Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон майдони кишти кӯкнор аз 4853 га то ба 200 га кам карда шудааст. Истеҳсоли маводи мухаддир дар ин минтақа 97 фоиз коҳиш ёфт  

Июнь 8, 2009 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд