ТОҶИКИСТОНУ ЛАТВИЯ АЗ АНДОЗБАНДИИ ДУКАРАТА КАНОРАГИРӢ МЕНАМОЯНД

Июнь 8, 2009 15:10

                  Душанбе, 8 июн. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Точикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 8 июн таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Сайдулло Хайруллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд.                 Зимни муҳокимаи масъалаҳо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Абдураҳмон Азимов ва вакили Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов зикр карданд, ки ҳадафи таҳияи лоиҳаи қонунҳои мазкур мувофиқ кунонидани онҳо ба талаботу меъёрҳои фазои қонунгузории кишвар аст.                Дар ҷаласа ҳамчунин, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя баррасӣ гардид.

Июнь 8, 2009 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд