ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН БА МАСКАВ РАФТ
Душанбе, 20 июн. (АМИТ «ховар», Кристина Эрлих).-Дирӯз дар шаҳри Маскав маҷлиси Шӯрои вазирони тандурустии мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия кушода шуд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов иштирок дорад. Маҷлиси мазкур таҳти раёсати вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он роҳбарону намояндагони вазоратҳои тандурустии Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои расондани кӯмаки саривақтии тиббӣ, пешгирӣ ва табобати бемориҳои сирояткунанда ва ташхиси тиббии коргарони муҳоҷир ва мардикоронро баррасӣ хоҳанд кард. Дар фарҷоми он тавсиаҳои дахлдор қабул карда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






