ҒОЛИБИ ОЗМУН МУАЙЯН ГАРДИД

Июль 6, 2009 10:21

                 Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев, Лутфия Эшонқулова).- 4 июл дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии иштирокчиёни озмуни байналмилалии овозхонони ҷавон «Панҷ ситораи интервизион» баргузор гардид. Тавре хабар дода шуда буд, дар даври аввали озмуни мазкур 11 овозхон ва дастаҳои гуногуни ҳунарӣ ғолиб омадад буданд. Акнун онҳо дар даври хотимавии озмун ширкат варзиданд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар даври хотимавии озмун овозхон аз вилояти Суғд Ален ғолиб омад. Вай ба тамошобинон як суруди машҳури русӣ, як суруди машҳур ба забони англисӣ ва як суруди машҳури тоҷикиро пешкаш намуд. Ален аз рӯи ҳисоби овозҳои тамошобинон ва овозҳое, ки ба воситаи телефонҳои мобилӣ дода шудаанд, дар озмун ҷои аввалро ишғол намуд.                 Ҷои дуюм насиби овозхон Кирилл Қамбаров гардид. Овозхони ҷавон Юлия Багданавичуте бо 89 хол ҷойи сеюмро ишғол кард. Овозхони дӯстдоштаи ҷавонон Ҷонибек Муродов ҷои чорумро ишғол намуд.                  Ғолиби озмун Ален дар фарҷоми консерт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки шарафи Тоҷикистонро дар озмуни байналхалқии «Панҷ ситораи интервизион-2009» ҳимоя хоҳад кард. Ман кӯшиш хоҳам кард, ки обрӯю эътибори Тоҷикистонро на танҳо дар озмунҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, балки дар озмунҳои ҷаҳонӣ низ баланд бардорам, гуфт вай. Тарҷумон Қудратов А. 

Июль 6, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа