ҚАРЗИ БОНКӢ КАМ ШУД
Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Дар ВМКБ ҳаҷми додани қарзҳо ду баробар кам шуд. Тибқи иттилои Вахши Бадахшонии Бонки миллӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ бонкҳои тиҷоратӣ 21 миллион сомониро қарз додаанд, ки ин нисбати соли 2008 2 маротиба камтар аст. Агар дар соли 2008 аз тарафи ин бонк ба сокинони вилоят 18,3 миллион сомонӣ қарз дода шуда бошад, ин рақам дар шаш моҳи соли ҷорӣ танҳо 5,8 миллионро ташкил медиҳаду халос. Манбаъ сабаби асосии инро напардохтани қарз аз ҷониби мардум арзёби мекунад. Беш аз чил дар сади қарз баргардонида нашудааст. Худсариҳо дар қонунгузории замин Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Кормандони прокуратураи ВМКБ фаъолияти нимсолаи худро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, ба хотири рафъи камбудиҳои ҷойдошта фикру ақида баён намуданд. Зикр гардид, ки давоми 6 моҳ 204 маротиба вазъи иҷрои қонунҳо санҷида шуда, дар робита бо ислоҳи норасогиҳо 369 амр иҷро гардид. Аз болои беш аз 400 қарору санадҳои хилофи қонун эътироз баён карда шуда, бо пешниҳоди прокурор 79 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 49 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Таҳлилу баррасӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳудуди вилоят ҳанӯз ҳам қонунгузории замин худсарона вайрон карда мешаванд. Прокуратураи вилоят иҷрои қонун дар бораи заминро 15 маротиба санҷида, 5 амр ва 10 пешниҳодро ба унвони шахсони мансабдор ирсол дошт. Прокурори вилоят Рашид Гулматшоев таъкид намуд, ки прокуратура ба хотири таҳкими волоияти қонун дар вилоят боз ҳам ҷиддӣ машғул хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






