ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР КӮЛОБ ЧӢ ГУНА РИОЯ НАМЕШАВАД?

Июль 23, 2009 11:20

                 Кӯлоб, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Масъулини бахши танзими маросим ва ҷашну маъракаҳои ҳукумати шаҳр аз ба таври бояду шояд риоя нашудани қонуни ҷашну маросимҳо изҳори нигаронӣ карданд.                 Тибқи иттилои мудири шӯъбаи танзими ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Амиралӣ Раҳимов ҷиҳати татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашну маросимҳо корҳои муайяне ба сомон расидааст. Дар шаҳри Кӯлоб панҷ комиссияи доимоамалкунанда ва 185 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шудааст.                 Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 11 маросими хатнасур, 735 тӯи домодию арӯсӣ, 934 ақди никоҳ, таваллуд 2073 нафар, 428 маросими дафн, 180 маросими чил, 119 маросими сари сол, баргузор гардид, ки дар ҷашну маросимҳои номбаршуда ҳамагӣ 783 сар чорво аз ҷумла 38 чорвои калон, 745 сар чорвои майда забҳ гардидааст. Теъдоди маъракаҳо бошад дар маҷмӯъ 1114 ададро ташкил дод. Ҷамъи маблағҳои хароҷотӣ дар давоми 6 моҳи соли равон ба 1176962 сомонӣ баробар шуд.                  Барои риоя накардани қонуни мазкур дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 3 парвандаи меъёрии ҳуқуқӣ тартиб дода ба суди шаҳри Кӯлоб пешниҳод карда шудааст.                  Аз шаҳрванд Самадов Сафаралӣ бо моддаи 481-ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима ситонида шуд. Дар давоми ду сол бошад 8 қонунвайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар чор ҷамоати деҳот комиссияҳои назорат аз болои риояи қонуни мазкур тартиб дода шудаанд.  Мутаассифона то ҳанӯз қонуншиканиҳо дар ин самт ҷой доранд. Аз тарафи аҳолӣ, махсусан дар маъракаҳои ҷумъагӣ, арӯсбинон ва истифодаи нақлиёт дар тӯйҳо талаботҳои қонун риоя намешавад.

Июль 23, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид