ҚУРБИ ДОЛЛАР ПОЁН РАФТ

Июль 2, 2009 09:16

                Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июли соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор поён рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 доллари ИМА 4,4253 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дирӯз 0,1% паст аст. Дар баробари ин, қурби асъорҳои дигар нисбатан мӯътадил буда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,10 сомонӣ баробар шуд.               Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, аксари амалиётҳо бо доллари ИМА бо қурби аз 4,4018 то 4,4326 сомонӣ сурат гирифтанд. Нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4240 сомонӣ ва қурби мубодилавии расмӣ 4,4003 сомониро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 2, 2009 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд