ҚУРБИ ДОЛЛАР ПОЁН РАФТ
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 июли соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор поён рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 доллари ИМА 4,4253 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дирӯз 0,1% паст аст. Дар баробари ин, қурби асъорҳои дигар нисбатан мӯътадил буда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,10 сомонӣ баробар шуд. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, аксари амалиётҳо бо доллари ИМА бо қурби аз 4,4018 то 4,4326 сомонӣ сурат гирифтанд. Нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4240 сомонӣ ва қурби мубодилавии расмӣ 4,4003 сомониро ташкил дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






