ҲАҶМИ ВОРИДОТИ МАҲСУЛОТ КАМ ШУД

Июль 20, 2009 15:22

                   Душанбе, 20 июл.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали раиси Хадамоти гумрук Неъмат Раҳматов, ҳаҷми воридоти маҳсулоти хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба 1 миллиарду 156 млн. доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 384 млн. доллар камтар аст.                   Ҳамзамон содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон дар нимсолаи соли ҷорӣ ба 384 млн. расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2008 ду маротиба камтар мебошад.                   Дар нимсолаи аввал Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 64 давлати дунё алоқаи тиҷоратиро ба роҳ монд.                    Бо сабаби бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ Тоҷикистон натавонист даромади бештареро аз ҳисоби фурӯши алюминий ва пахта ба даст орад.  

Июль 20, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид