ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛГАРОН ҲИФЗ КАРДА МЕШАВАД

Июль 10, 2009 15:23

                 Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Имрӯз дар Агентии «Тоҷикстандарт» бахшида ба натиҷаҳои фаъолияти агентӣ дар давоми 6 моҳи аввали соли равон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори агентӣ Давлаталӣ Ҳотамов иштирок намуд.                 Хабарнигорон қабл аз оғози нишасти матбуотӣ бо фаъолияти озмоишгоҳи агентӣ шинос гардиданд. Қайд карда шуд, ки мутахассисони агентӣ дар давоми 6 моҳи гузашта дар ин ҷо бештар аз 1206 навъи маводи озуқаро аз санҷиш гузарониданд. Дар натиҷа 313 навъи озуқаи пастсифат ва ғайри қобили истеъмол ошкор карда шуд, 52 навъи мол сертификати мувофиқат надошт, бинобар ин аз фурӯш боздошта шуд.                Директори агентӣ Д. Ҳотамов зикр кард, ки барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ба 51 нафар ба маблағи 10 ҳазору 420 сомонӣ ҷарима андохта шуд. Ҳамаи ин маблағ рӯёнда, ба ҳисоби буҷети давлат ворид гардид. Қайд карда шуд, ки баъзе навъҳои маҳсулоти озуқаи истеҳсоли корхонаҳои дохили мамлакат низ ба стандартҳои мавҷуда мувофиқ набуданд. Дар робита фурӯши 268 ҳазору 4 тонна орди гандум, 1505 кг маснуоти қаннодӣ, 1211 декалитр нӯшобаҳои беспирт, 467, 5 декалитр нӯшобаи спиртдор, 37 ҳазору 775 қуттӣ консерва ва 794 килограм навъҳои гуногуни ҳасиб ба меъёрҳои мавҷуда мувофиқ набуда, аз фурӯш боздошта шуданд.                  Тафтиш ва санҷишҳо нишон медиҳанд, ки баъзе соҳибкорони корчаллон аз маҳдудияти тафтиши фаъолияташон истифода бурда, маҳсулоти пастсифатро бо ҳуҷҷатҳои сохта ба фурӯш мебароранд. Маҳсулоти ошкоргардидаи онҳо ҳатман аз фурӯш боз дошта мешавад.  

Июль 10, 2009 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид