ҲУКУМАТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ НАРХРО ТАНЗИМ МЕКУНАД

Июль 10, 2009 11:52

                    Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ахиран шаҳрдории шаҳри Душанбе қарорро дар бораи ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, қанд, сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ ба имзо расонд.Аз 1-уми июли соли ҷорӣ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш, ки аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил ёфтаанд, маводи ниёзи аввал нисбатан бо нархҳои дастрас ба савдо бароварда мешаванд.                  Бино ба гуфти котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов шаҳрдорӣ ба сессияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намудааст, ки нуқтаҳои фурӯш, ки аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил ёфтанд, аз супоридани андоз ва иҷорапулӣ озод карда шаванд.

Июль 10, 2009 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид