ҶАЛАСАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд. Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Номгӯйи нави хочагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва зерташкилотҳои тухмипарвари Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ба ин сохторҳо дар вусъат додани корҳои илмию истеҳсолии вобаста ба парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намоянд. Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба кӯчондани маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон аз шаҳри Хорӯғ ба деҳаи Миденшори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дастгирӣ ёфта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» пешниҳод карда шуд. Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), ки мутобиқи он ба Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ 3 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои иловагии грантӣ ҷудо мегарданд, тасдиқ карда шуд. Ҳамчунин ду созишномаи дигар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ ва техникӣ бо Италия ва Муғулистон тасдиқ карда шуд. Якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ тасдиқ гардиданд, аз ҷумла Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, Тартиби ташаккул ва истифодаи «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод», Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок. Мутобиқи қарори дигари имрӯз қабулшуда тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ аз 1 — уми августи соли равон тағйир меёбанд. Бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» таъсис дода шуданд ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон» ба номи Саидмуъмин Раҳимов номгузорӣ гардид. Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар муроҷиат карда, онҳоро бори дигар ба истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ба 200 ҳазор гектари нақша расондани майдони он ва ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ даъват намуд ва таъкид дошт, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди имсола ва ҳосили фаровони ғалладона маводи озуқаворӣ ва хӯроки чорво барои ду соли оянда бояд захира карда шавад. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки ғалладонаи аз талаботи худ зиёд истеҳсолнамудаи деҳқононро харидорӣ карда, захираҳои давлатиро бештар аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.