ҶАМБАСТИ НАТИҶАҲО

Июль 8, 2009 15:53

                     Душанбе, 8 июли. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дирӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он сардори идораи мазкур Азим Иброҳим доир ба фаъолияти соҳа дар давоми нимаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод.                     Вай зикр кард, ки мувофиқи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти муҳандисию геологӣ барои сохтмони корхонаҳои хиштбарорӣ дар 6 объект гузаронида шуд ва хулосаи онҳо ба Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ пешниҳод гардид.                    Мутахассисони раёсат дар 37 маҳаллаи аҳолинишин аз ҷумла, дар ноҳияҳои Ғончӣ, Ашт, Спитамент ва шаҳри Ваҳдат мушоҳидаҳо барои таъмини бехатарии маҳалҳои маскунӣ гузарониданд. Давоми нимсола вазъи ҳолати ҷоҳҳои об дар ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ, Б.Ғафуров санҷида шуд.                    27-28 майи соли 2009 ду мутахассиси саридора дар семинар бахшида ба таъминоти обҳои зеризаминии сарҳадии Осиёи Марказӣ ва Кавказ, ки дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар семинари мазкур намояндагони 8 давлат ва 5 ширкати байналмилалӣ иштирок намуданд.                    Шумораи кормандони Саридораи геология 982 нафарро ташкил медихад. Дар давоми 6 моҳи гузашта Саридораи геология ба маблағи 785,863.00 сомонӣ андоз супорид ва корҳои иктишофӣ-геологӣ аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба маблағи 978,653.00 сомонӣ пардохт карда шуданд.                    Музди миёнаи мехнат дар Саридораи геология 316 сомониро ташкил медихад, ки ин нисбати хамин давраи соли гузашта 84 сомонӣ зиёд мебошад. Ба муносибати идҳо ва санаҳои таърихӣ ба хона-интернатҳои пиронсолон ва маъюбону кудакон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмақҳои моддӣ расонида шуданд. Маблағи умумии кумаки расондашуда 6385 сомониро ташкил дод.

Июль 8, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!