АЗ СУҒД 44 ҲАЗОР ТОННА МЕВА СОДИРОТ ШУДААСТ
Суғд, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Муовини роҳбари раёсати гумруки вилояти Суғд Саид Эрбоев дирӯз барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ташкил намуд. Дар он сухан дар бораи натиҷаҳои фаъолияти муассисаҳои гумруки вилоят дар давоми нимаи аввали соли 2009 рафт. С. Эрбоев зикр намуд, ки нимаи аввали соли равон воридоти воситаҳои нақлиёт ба вилоят хеле коҳиш ёфт. Дар ин давра ба ҳудуди вилоят 11 ҳазору 434 мошин ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 — ум 12 ҳазору 631 адад мошин кам аст. Аз ин ҳисоб маблағи ҷамъоварии пардохти гумрук 18 миллион сомонӣ кам шуд. Ҳамчунин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 дар давоми шаш моҳи соли 2009 ба вилояти Суғд 24 ҳазор тонна кам орд ворид гардид. Аз вилоят ба мамлакатҳои хориҷӣ дар ин муддат ба маблағи 2,2 миллион доллари ИМА 5 ҳазору 35 тонна консерва бароварда шудааст. Ҳаҷми содироти мева 44 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта зиёда аз 13 ҳазор тонна бештар мебошад. Дар ин давра маблағи хариду фурӯши мол бо мамлакатҳои хориҷӣ 332,94 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод, ки аз соли гузашта 98,5 миллион доллар кам мебошад. Умуман нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар ин муддат 79,3 фоиз иҷро карда шуд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






