БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН МЕДАЛИ ТИЛЛОИ ФБС СУПОРИДА ШУД

Июль 1, 2009 16:38

                   Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Рӯзҳои таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои Федератсияи байналмилалии самбо супорида шуд. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки медали тиллоро ба Президенти Тоҷикистон ноиби раиси Федератсияи байналмилалии самбо, раиси Федератсияи самбои Осиё ва раиси Федератсияи самбои Ўзбекистон Фазлиддин Пӯлодов супорид. Вай номаи Анҷумани муассисони Федератсияи самбои Осиёи Марказиро ба Эмомалӣ Раҳмон супурд. Дар нома хабар дода мешавад, ки Президенти Тоҷикистон раиси ифтихории Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.                  Ф. Пӯлодов зикр намуд, ки медали тилло ба Президенти Тоҷикистон барои саҳми калонаш дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш, аз ҷумла варзиши самбо дар қитъаи Осиё супорида шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон ба Федератсияи байналхалқии самбо изҳори сипос намуда, изҳор намуд, ки ҷоизаи мазкур на мукофоти шахсии ӯ, балки қадрдонии хизмати ҳамаи варзишгарони Тоҷикистон мебошад.  

Июль 1, 2009 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд