БИНОИ НАВИ БОНКИ ЭСХАТА ДАР ИСФАРА
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абубакр).- 26 июн дар маркази ноҳияи Исфара бинои нави филиали «Бонки Эсхата» ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавии бинои нав раиси ҶС «Бонки Эсхата» Хуршед Носиров ба ҳозирон дар бораи дастовардҳои филиал дар давоми солҳои охир нақл кард. Соли 2008 ба воситаи филиали мазкур ва бунгоҳҳои он аз хориҷи кишвар 38 миллион доллари ИМА фиристода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 42% зиёд мебошад. Инчунин маблағи барои додани қарз ҷудо кардаи филиал дар охири соли 2008 ба 3,4 миллион сомонӣ расид. Раиси бонк зикр намуд, ки шумораи мизоҷони бонк сол то сол зиёд мегардад. Яке аз ҳадафҳои асосии стратегии бонк дастгирии молиявии соҳибкорону тоҷирон ва корхонаю муассисаҳо мебошад. Ин ба рушди соҳа ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






