БОЗ ЯК ҲОДИСАИ ФУРӮШИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРӢ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 3 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳодисаҳои одамфурӯшӣ дар ҷумҳурӣ кам бошад ҳам, вуҷуд дорад. Дар давоми 2 соли охир аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 4 ҳодисаи одамфурӯшӣ ба қайд гирифта шудаст. Сокини вилояти Хатлон Наргиса Исмоилова писари ноболиғи худро, ки ҳамагӣ яксола мебошад, ба сокини ноҳияи Шаҳритус Т. Сатторова ба ивази 100 доллари амрикоӣ фурӯхт. Бо огоҳӣ аз ин ҳодиса, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткоронро дастгир намуда, нисбати ин аъмоли нангин дар прокуратураҳои ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус дар ҳаққи Наргиса Исмоилова ва Т. Сатторова парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот давом дорад. Модари тифл сабаби фурӯхтану аз маломати мардум халос шуданашро аз бепадар таваллуд шудани фарзандаш медонад, ки ин ҷинояти ин модари беандешаро сабук нахоҳад кард,-иброз дошт ҳимоячӣ М.Қурбонов.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






