ДАР ҶУМҲУРӢ 1595 ҲОДИСАИ СИРОЯТИ ВИЧ
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Тайи 18 соли охир дар ҷумҳурӣ 1595 ҳодисаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 170 нафар фавтидаанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби бақайдгирифтагони беморони ВИЧ 1285 ҳодиса дар байни мардон ва 310 ҳодиса дар байни занон қайд шудаанд. Аз рӯи роҳҳои гузариши сирояти ВИЧ 56% ё 876 ҳодиса бо роҳи тазриқӣ, 26,5% ё 423 ҳодиса бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, дар 16,7% ё 265 маврид роҳҳои номаълум ва 0,8% ё 13 ҳодиса аз модар ба кӯдак сироят ёфтаанд. Аз байни сироятшудагон 180 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки ин 11,3%-ро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






