ДАР БАДАХШОН ҚОЧОҚЧИИ АФҒОН ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- 18 июл, дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2009» кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ дар ВМКБ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус як роҳи интиқоли маводи нашъадори қочоқчиёнро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бастанд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз АНМН хабар доданд, ҳангоми убур кардани сарҳади давлатӣ аз дарёи Панҷ дар наздикии деҳаи Ниводак шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Искандар валади Шозиёро боздошт намуданд. Ҳангоми кофтуков аз маводи худсохти шиноварии ӯ як халта, ки дар дохилаш маводи нашъаовар буд, ёфт ва мусодира гардид. Мувофиқи санҷиши лаборатории раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ дар ВМКБ маводи номбурда ҳашиш буда вазнаш 18 кг 400 гр- ро ташкил дод. Оид ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






