ДАР БАДАХШОН 17 НАФАР ХУДКУШӢ КАРДАНД
Хоруғ, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). — Теъдоди ҳодисаҳои сӯиқасд ба ҷони худ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ се баробар афзудааст. Тавре муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи ВМКБ Ҳайдар Ҳайбаров иттилоъ дод, дар ин муддат дар қаламрави вилоят 17 ҳодисаи худкушӣ ва талоши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар зиёдтар аст. Аз ҷумла 13 нафар мард ва 4 нафар зан даст ба худкушӣ заданд. Ба гуфтаи муфаттиш аз рӯи ҳамаи 17 ҳодиса парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд, вале хешу табори ҳамаи фавтидагон аз ҳамкорӣ бо муфаттишон даст кашидаанд. Ҳайбаров ҳамчунин иброз дошт, ки тибқи хулосаи муфаттишон се худкушӣ аз тарафи ашхоси рӯҳан бемор, 3 ҳодиса дар ҳолатҳое, ки шароити иқтисодиашон хело паст, 5 ҳодиса ҳангоми муқовиматҳои оилавӣ руҳдода, 1 ҳодисаи худкушӣ аз тарафи майзада ба қайд гирифта шудааст. Сабабҳои ба худкушӣ даст задани 5 нафари дигар номаълум аст, иброз дошт Ҳ. Ҳайдаров.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






