ДАР ДОНИШКАДАИ САНЪАТ ИХТИХОСИ НАВ БА РОҲ МОНДА ШУД
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имсол Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро 180 нафар бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла 16 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд. Ҳамаи хатмкунандагони донишкада бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки ин яке аз дастовардҳои назарраси ин муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ректори Донишкадаи санъат Аслиддин Низомов дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони васоити ахбори омма хабар дод. Ҳамчунин ӯ зикр намуд, ки имсол донишкада имкони кабули 445 нафар довталабонро дорад, ки нисбат ба соли гузашта 50 нафар зиёдтар аст. Таваҷҷӯҳи довталабон асосан ба факултаҳои театрӣ- бадеӣ, китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ буда, имрӯз дар ин бахшҳо зиёд ҳуҷҷат супорида шуд. Махсусан ҷавонон ба факултаи китобдорӣ шавқ пайдо намуда, дар ин бахш довталабон тариқи конкурс қабул карда мешаванд. «Бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ то кушодашавии бинои нави Китобхонаи миллӣ, мо вазифадор шудем, ки дар ин соҳа 300 нафар мутахассиси олидараҷа тайёр намоем», — илова намуд ректори донишкада. А. Низомов аз дастовардҳои дигари донишкада мубодилаи афкор намуда, зикр намуд, ки аввалин маротиба дар таърих дар қатори 112 Донишкадаи санъати ҷаҳон Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба Ассотсиатсияи байналмилалии донишкадаҳои ҳунар аъзо шуд. «Албатта дар қатори ин комёбиҳо дар фаъолияти мо камбудиҳо низ ҷой доранд. Мутаассифона, тармими бинои донишкада бо сабаби бӯҳрони иқтисодӣ ба таъхир гузошта шуд. Имсол аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба донишкада ягон ҳуҷҷат ворид нагардид, ки ин низ моро ба ташвиш меорад, зеро шаҳри мазкур дар соҳаи фарҳанг умуман мутахассис надорад ва имрӯз театрҳои он қариб, ки фаъолият намекунанд. Хуб мешуд, ки барои ҷалби истеъдодҳои ҷавон роҳбарони шӯъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, онҳоро дастгирӣ намоянд».- афзуд А. Низомов. Донишкадаи санъат бо донишкадаҳои ҳунари мамлакатҳои дигар ҳамкориҳои таълимию илмӣ дошта, ният дорад, ки соли оянда барои такмили ихтисос омӯзгоронро ба Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Челябинск фиристонад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






