ДАР ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ КАФЕДРАИ НАВ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Июль 24, 2009 16:08

                   Душанбе, 24 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он ректори донишкада Файзалӣ Комилов дар бораи натиҷаҳои корҳои таълиму тарбия ва илмии донишкада дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ маълумот дода, қайд намуд, ки имсол донишкадаро 551 нафар донишҷӯён, аз ҷумла 22 нафар бо дипломи сурх хатм намуданд. Сессияи санҷишу имтиҳоноти давраи тобистона бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст карда шуд. Донишкада дар озмунҳо иштирок намуда, барандаи гранти хазинаи Сорос шуд ва бо дастгирии бевоситаи ин грант кафедраи идоракунии давлатӣ ва мунисипалӣ таъсис дода шуда бо техникаи нав муҷаҳҳаз гардид.Ӯ қайд кард, ки дар давоми соли хониши 2008-2009 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, курсҳои махсуси соҳибкориро таъсис намуд, ки ба наздикӣ ба фаъолият оғоз кард.                  Ҳамкории бомуваффақияти донишкада бо чандин донишгоҳу муассисаҳо, аз ҷумла Донишгоҳи соҳибкорӣ ва сервиси шаҳри Москва, Донишгоҳи Фотеҳи Туркия, Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёнаи ҷумҳурӣ ва маркази «Мадади соҳибкор» идома дорад.                 Ҳамчунин Ф. Комилов илова намуд, ки имрӯз кафедраи туризм ва маркетинги донишкада бо Академияи Улуми Тоҷикистон дар иҷрои як лоиҳаи муштарак бо номи «Роҳ ва усулҳои такмили тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи туризм барои солҳои 2010-2012» ҳамкорӣ менамоянд.                  Имрӯз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат пурра ба низоми кредитии таҳсил фаро гирифта шуда, дар он 3709 нафар донишҷӯ дар факултаҳои- Соҳибкорӣ ва менеҷмент, Бизнес ва молия, Туризм , аудит ва маркетинг, аз рӯи 9 ихтисос таҳсил менамоянд. 22 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон, Казоқистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ дар ин донишкада мехонанд ва бо хобгоҳи замонавӣ таъминанд.  

Июль 24, 2009 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид