ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ БОНКИ МИЛЛИИ ПОКИСТОН КУШОДА МЕШАВАД
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров). — Сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Осаф Алии Зардорӣ имрӯз баъди анҷоми мулоқоташон ва гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар барои хабарнигорони маҳаллию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ташкил намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ҷониби Покистон тайёр аст, барои ҳамлу нақли молҳои Тоҷикистон ба воситаи бандарҳои баҳрии Карочи ва Гвадар шароит муҳайё созад. Қайд карда шуд, ки бо ин мақсад фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории ҳар ду мамлакатро густариш додан зарур аст. Тибқи дастури сарони давлатҳо аъзои комиссияи мазкур барномаи рушди ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, илму техника ва фарҳанг таҳия месозанд. Мо ҷониби Покистонро даъват намудем, ки ҳамкориро бо мамлакати мо дар соҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, хатҳои интиқоли барқ, туризм, истеҳсоли дору ва кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ вусъат бахшад, гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид шуд, ки парвози ҳавопаймоҳхои мусофирбар дар байни шаҳрҳои Душанбе ва Исломобод то охири соли 2009 аз нав ба роҳ монда мешавад. Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳар ду кишвар ҳамкориро дар бобати тақвияти мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор идома хоҳанд дод. Вай хабар дод, ки ояндаи наздик дар Душанбе филиали Бонки миллии Покистон кушода хоҳад шуд. Сафари расмии Президенти Покистон Осаф Алии Зардорӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Тарҷумон — Қудратов А.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






