ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ МИНТАҚАВИИ ЗИДДИ МИНАҲО БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Июль 6, 2009 11:19

                    Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Душанбе 7-8-уми июли соли ҷорӣ Конфронси минтақавии «Ба минтақаи аз мина озод табдил додани Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо хабар доданд, дар Конфронс намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони расмии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон, намояндагони як қатор давлатҳои дигари донор, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Европа, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Ширкати байналмилалии манъи минаҳои заминӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд.                     То ҳанўз дар захираҳои ҳарбии 46 кишвар қариб 176 миллион минаҳои зидди пиёдагард нигоҳ дошта мешаванд. Ба ҷумлаи ин кишварҳо се намояндаи доимии Шўрои амнияти СММ (Хитой, Россия, ШМА), аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бисёр кишварҳои Осиё дохил мешаванд.                    Захираҳои минаҳои зидди пиёдагарди Тоҷикистон 3029 ададро ташкил медоданд, 31 марти соли 2004 маҷмўи охирини захираҳои минаҳои зидди пиёдагарди Тоҷикистон нобуд карда шуд, ва ҳамин тариқ Тоҷикистон баанҷомрасонии иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии худро, ки моддаи 4 Конвенсияи Оттава пешбинӣ намудааст, тасдиқ намуд.                   Корҳои зиёде дар соҳаи безарарсозии ҳудуди кишвар аз минаҳо ба анҷом расонида шуданд. Дар давраи фаъолияти барнома (аз соли 2004 инҷониб) дар бештар аз 900 маҳалли аҳолинишин тадқиқоти умумӣ барои муайянсозии дараҷаи таъсири иҷтимоӣ-иқтисодии хатари минаҳо гузаронида шуд, дар натиҷаи онҳо бештар аз 500 қитъаҳои таҳти хатари минаҳо қарордошта ошкор карда шуданд. Қитъаҳои хатарнок бо масоҳати умумии зиёда аз 2 млн. 700 ҳазор метри мураббаъ тафтиш ва аз минаҳо тоза карда шуданд, дар қитъаҳои хатарнок зиёда аз 4000 нишонҳои аз хатари мина огоҳкунанда гузошта шуданд, зиёда аз 12 ҳазор мина ва муҳимоти ҷангии натаркида (бомбаҳо, тирҳои тўп ва дигар предметҳои тарканда) ошкор ва нобуд карда шуданд.                  Аммо мутасифона тақрибан 15 млн. метри мураббаъи қаламрави кишвар то ҳанўз таҳти хатари мина боқӣ мемонад ва аллакай маълум аст, ки дар мўҳлати боқимонда (1 сол) иҷро намудани ин ўҳдадорӣ бо сабабҳои мухталиф имконпазир намебошад.                   Конфронси минтақавии Душанбе барои универсиализатсияи Конвенсияи Оттава дар минтақа аҳамияти бузурги амалӣ хоҳад дошт. Он метавонад барои намояндагони давлатҳои минтақа имконият фароҳам орад масъалаҳои мавҷудаи вобаста ба мушкилоти минаҳоро муҳокима намоянд ва мусоҳиба оид ба зарурати таҳким ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар ин самт идома диҳанд. Он ҳамчунин чорабинии муҳиме дар арафаи Конфронси Дуюми Ҷамъбастӣ (ноябр-декабри соли 2009) хоҳад буд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти Конвенсияи Оттава дар ҷаҳон дар панҷ соли охир ҷамъбаст карда мешавад.  

Июль 6, 2009 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа