ДАР ДУШАНБЕ МАҶЛИСИ ШЎРОИ МАСЪАЛАҲОИ ҶАВОНОНИ ИДМ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).-3-4 июл дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Шӯрои масъалаҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки маҷлиси мазкур дар чаҳорчӯбаи соли ҷавонони ИДМ гузаронида мешавад. Дар маҷлис лоиҳаи барномаи стратегии ҳамкории байналхалқии созмонҳои ҷавонони давлатҳои ИДМ баррасӣ карда хоҳад шуд, ки онро вазорати маорифи Белорусия таҳия ва пешниҳод намудааст. Ҳадафи барнома баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллию шаҳрвандии ҷавонон, тарғибу ташвиқи принсипҳои таҳаммулпазирӣ, афзун гардондани фаъолияти зеҳнӣ, эҷодӣ ва варзишии ҷавонон мебошад. Амалӣ сохтани барнома ба ҷавонон имкон хоҳад дод, ки дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа фаъолонатар ширкат варзанд. Барнома ба бунёди низоми томи гузаронидани тадбирҳои анъанавӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд. Иштирокчиёни маҷлис инчунин масъалаҳои дастгирии ҷавононро дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои афзалиятноки ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






