ДАР НИМ СОЛ 3 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нишасти матбуотии ҷамъбасти нимсолаи фаъолияти кормандони Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини аввали директории Агентӣ Вайсиддин Азаматов иброз доштааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ наздик ба 100 гурӯҳҳои нашъаҷалоб амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо зери назоратанд. Дар нимсолаи аввали соли 2009 аз тарафи ҳамаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар наздик ба 3 тонна маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид. Дар ин муддат кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 1,5 тонна, Кумитаи амнияти миллӣ 172 кг, гумрук-77, қушунҳои сарҳадӣ -756 ва Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҷумҳурӣ- 504 кг маводи мухаддир дарёфт ва мусодира намуданд.








Имрӯз дар дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд






