ДАР НОҲИЯИ МУХТОРИ ШИНҶОНУ УЙҒУРИ ЧИН ҚУЮДИ ШАБГАРДЇ ҶОРЇ КАРДА ШУД
Пекин 8 июл. (АМИТ «Ховар», РБК).- Мақомоти Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба муташанниҷ гардидани вазъият ва паҳн шудани мавҷи ошӯбҳо дар минтақа дар маркази ноҳия — шаҳри Урумчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ намуданд. Қуюди шабгардӣ аз соати 21 то 8-и субҳ давом мекунад. Котиби кумитаи ҳизби коммунисти Чин дар минтақа Ван Лекван хабар дод, ки дар ин муддат рафту омади сокинони маҳаллӣ ва нақлиёт бештар таҳти назорат қарор дода хоҳад шуд. Вай роҳбарони корхонаю муассисаҳоро даъват намуд, ки коргаронро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд. Ба аҳолии маҳаллӣ дастур дода шуд, ки баҳудаю беҳуда ба кӯчаҳо набаромада, аз гирдиҳамоӣ ва намоишҳо худдорӣ кунад. Агентии хабаррасонии «Синхуа» хабар медиҳад, ки бетартибиҳои оммавӣ дирӯз дар бисёр шаҳрҳои минтақа давом доштанд. Политсия барои пароканда кардани намоишгарон аз гази ашковар истифода бурд. Аз рӯи хабарҳои расида, танҳо дар шаҳри Урумчӣ бар асари бетартибиҳои оммавӣ 156 нафар ҳалок гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






