ДАР ПАНҶ ҒАРҚ ШУД
Бадахшон, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Соати 23 рӯзи 13-уми июл автомашинаи тамғаи «Тойота Корола» дар мавзеи Шошиндашти шаҳри Хоруғ дар рӯдхонаи Панҷ ғарқ гардид. Тавре подполковник Сафармаҳмад Меҳтархонов, нозири калони шӯъбаи назоратию таълимии Раёсати корҳои дохилаи вилоят иттилоъ дод, соати 23 шаби 13-уми июл Раҳим Бачамардови 23-сола мошинаи «Тойота Корола»-и язнаашро гирифта, тарафи боғи ботаникии АУ ҷумҳурӣ ҳаракат карда, дар роҳ ба хотири харидани сӯзишворӣ мошинаро дар баландие қарор медиҳад. Баъди дақиқае мошина ба қафо рафта дар рудхонаи Панҷ ғарқ мешавад. Дар дохили мошина зани тахминан 40 солае будааст, ки ӯ аз роҳ савор шудааст. Ба ҷустуҷӯи зиёди кормандони милитсия нигоҳ накарда, то ба ҳол на шахсияти зан маълум ҳасту на суроғааш ва на нишонае аз мошина ёфт шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






