ДАР ТОҶИКИСТОН МАОШИ АЗ ҲАМА КАМ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗИСТ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 360 то 450 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон дар Федератсияи Русия фаъолият мекунанд. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ 15 июл раиси Кумитаи давлатии омори ҶТ Мирганд Шабозов зикр кард. Ӯ афзуд, ки бинобар сабаби таъсири манфии бӯҳрони молию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Русия шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ бекор ҳастанд ё бо музди нисбатан паст кор мекунанд. Аз ҷумла, танҳо бо баста шудани бозори Чекизи Маскав 20-23 ҳазор муҳоҷирони тоҷик бекор мондаанд. Раиси Кумитаи давлатии омор роҷеъ ба ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия рақами мушаххасе нагуфт, вале зикр кард, ки нисбат ба соли 2008 хеле кам аст. Инчунин, илова намуд, ки зимистони гузашта қисми муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби надоштани маблағ натавонистанд ба ватан баргарданд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони кории тоҷик аз ФР дар соли 2008-ум 2,5 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Зимнан, бояд гуфт, ки музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон низ поён рафтааст. Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, музди миёнаи номиналии кор, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи майи соли ҷорӣ 277 сомонию 24 дирам буд, ки нисбат ба моҳи апрели соли 2008-ум 2,7 фоиз кам шудааст. Дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии моҳипарварӣ аз ҳама кам буда, 74 сомонию 58 дирам ва 115 сомонию 63 дирамро ташкил дод. Музди меҳнати аз ҳама баланд бошад, дар соҳаҳои сохтмон-670 сомонӣ, нақлиёт-632 сомонӣ, алоқа-591 ва саноат 477 сомонӣ ба назар мерасад.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






