ДУХТАРОНИ МАҲАЛЛӢ КАСБИ ЧЕВАРӢ МЕОМӮЗАНД

Июль 9, 2009 13:51

                 Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Норак ва ноҳияи Ёвон вақтҳои наздик марказҳои омӯзиши касби дӯзандагӣ барои ҷавондухтарон ва занҳои маҳаллӣ кушода мешаванд. Ин марказҳо бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, ҳадафаш омӯзонидани касби чеварӣ ба духтарони маҳаллӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо аст.                Тибқи иттилои Раиси намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумейнӣ дар Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ, алҳол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон даҳ Маркази дӯзандагӣ фаъолият дошта, дар як сол ин марказҳои омӯзишии дӯзандагиро 1400 нафар занону духтарон хатм намуда, ба чеварони беҳтарини мошинаи дарздӯзӣ тақдим карда мешаванд.

Июль 9, 2009 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид