ЭЪЛОМИЯИ ШАРМУШШАЙХ ҚАБУЛ ШУД
Шармушшайх, 17 июл. (АМИТ «Ховар» — Синхуа). — Мулоқоти 15 — уми сарон ва намояндагони мамлакатҳои аъзои Ҷунбиши давлатҳои ғайримунсалик дирӯз дар шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Араби Миср анҷом ёфт. Дар он ҳуҷҷати хотимавӣ ва эъломия қабул карда шуд. Дар онҳо мавқеъ ва нуқтаи назари Ҷунбиши давлатҳои ғайримунсалик роҷеъ ба баъзе масъалаҳои сиёсати байналхалқӣ ва иқтисодӣ баён карда шуданд.Дар эъломия гуфта мешавад, ки Ҷунбиши давлатҳои ғайримунсалик ҷидду ҷаҳдашро барои барҳам додани аслиҳаи ядроӣ дар саросари ҷаҳон ва мусоидат ба сулҳу суботи тамоми мамлакатҳо идома хоҳад дод. Дар он зикр карда мешавад, ки ҳуқуқу манфиатҳои инсон бояд дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон эҳтиром карда, меъёрҳои дугонаро барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ истифода бурдан мумкин нест. Дар ҳуҷҷат аҳамияти калони фаъолияти Маҷмаи кулли СММ дар масъалаи мусоидат ба истиқрори сулҳу амнияти ҷаҳон ва принсипи ташкили созмонҳо ва ташкилотҳои гуногун таъкид карда шудааст. Зикр карда мешавад, ки дар масъалаи ислоҳоти самтҳои асосии фаъолияти СММ ақидаи мамлакатҳои аъзои Ҷунбиши ғайримунсаликро низ ба инобат гирифтан зарур аст. Дар он зарурати ислоҳоти системаҳои байналхалқии иқтисодию молиявӣ, афзун гардондани нақши мамлакатҳои рӯ ба инкишоф дар ҳалли масъалаҳои иқтисодии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ таъкид карда шудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷунбиши давлатҳои ғайримунсалик моҳи сентябри соли 1961 бо мақсади амалӣ сохтани сиёсати берунӣ, истиқлолият, мустақилият ва ба ягон ташкилоти сиёсию низомӣ ҳамроҳ нагардидани мамлакатҳо ташкил карда шуда буд. Ҷунбиши давлатҳои ғайримунсалик айни ҳол 118 мамлакати ҷаҳонро муттаҳид менамояд. 17 мамлакат ва 10 созмони байналхалқӣ дар он мақоми мушоҳид доранд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






