ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Дилловарзод).- Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо меҳнати босамари сокинони шаҳру ноҳияи Ваҳдат нисбат ба соли гузашта натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 668 адад қарорҳои раиси шаҳр қабул гардидааст, ки аксари онҳо ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ дахл доранд,-иброз дошт муовини аввали раиси шаҳр Қиёмиддин Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ, ки ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2009 бахшида шуда буд. Ба шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳр 4198 адад аснод ворид шудааст, ки аз он 718 ададаш аз мақомоти болоӣ, 521 ададаш аз муассиса ва ташкилотҳо, 3121 ададаш арзу шикотҳои сокинони шаҳру ноҳия мебошанд, ки иҷрои онҳо зери назорати доимӣ қарор доранд,-афзуд Қ. Абдуллоев дар баромади худ. Мувофиқи маълумотҳои ҷамъбастӣ, ҷамъи даромад ба буҷаи шаҳр 8 млн.482 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он баробари 101 фоизи нақшаи пешбинишуда дар нимсолаи якуми соли 2009 буда, нисбат ба хамин давраи соли гузашта ба андозаи 1 млн. 12 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Сипас, барои хабарнигорон боз 30 дақиқаи иловагӣ баҳри пурсишу посух вақт ҷудо карда шуд. Нишасти матбуотӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






