ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи аввали соли 2009 ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрии роҳбарияти ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом дод. Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 32 ҳазору 964 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намуда, дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ саҳми арзанда доранд,- иброз дошт Раҳмоналӣ Амиров муовини аввали вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони кишвар. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 млрд. 834,1 миллион сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 фоиз зиёд мебошад. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои кишоварзӣ баҳри маблағгузории 82,6 ҳазор гектар бо бонкҳо шартнома бастанд. Як қисми хоҷагиҳо дар масоҳати 85,6 гектар парвариши маҳсулоти кишоварзиро дар асоси худмаблағгузорӣ ба роҳ мондаанд. Маблағи шартномаҳои басташуда 112 млн. 251,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 61, 6 фоизаш маблағгузорӣ карда шудааст. Аз маблағи зикршуда 52 млн. 304,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷа, 108 млн. сомонӣ аз ҳисоби захираҳои бонкӣ ва 6 млн. 40 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ширкатҳо мебошад. Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 186, 8 ҳазор тонна гандум ба маблағи 38 млн. 138 ҳазор доллари амрикоӣ ва 185, 2 ҳазор тонна орд ба маблағи 54 млн. 720 ҳазор доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст. Ба иттилои муовини аввали вазири кишоварзӣ Раҳмоналӣ Амиров соли ҷорӣ имкон дорад дар ҷумҳурӣ то 1 млн. тонна ғалладона истеҳсол карда шавад. Дар дигар соҳаҳои кишоварзӣ ҳам муваффақияти хоҷагидорон хеле хуб аст. Сипас дар давоми 1 соат миёни хабарнигорону муовини аввали вазир ва сардорони раёсатҳо баҳсу андешарониҳо баргузор шуд, ки ҳар ду ҷониб аз он қаноатманд гардиданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






