«ФАРРЕС» ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ОҒОЗ МЕНАМОЯД
Фархор, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Фархор корхонаи нави фабрикаи ресандагии «Фаррес» ба фаъолият шурӯъ хоҳад намуд. Роҳбари корхона Аҳмадхон Давлатов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки корхонаи мазкур бо маблағгузории ОАО «Сарват» ва ширкати «Зиёратшоҳ» сохта шуда иқтидори он дар 1 сол 1000 тонна ришта истеҳсол менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол дар корхона 90 нафар бригадаи сохтмонӣ ва васлгарӣ фаъолият доранд. Дар корхона 6 навъи сехҳо : шонакунӣ, пилтабарорӣ, надофӣ, риштаи нимтайёр, ресандагӣ ва калобапечонӣ мавҷуд мебошад. Зикр гардид, ки ҳангоми фаъолият масъулини корхона метавонад 300 нафар коргаронро ба ҷои кор таъмин намояд. Ашёи хоми корхона аз тарафи ширкати «Зиёратшоҳ» таъмин мегардад. Гуфта мешавад масоҳати корхона аз 2 гектар иборат буда дар сохтмони он ба маблағи 650 ҳазор доллари амрикоӣ масраф гардидааст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






