«ФАРРЕС» ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ОҒОЗ МЕНАМОЯД

Июль 2, 2009 15:50

                Фархор, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ноҳияи Фархор корхонаи нави фабрикаи ресандагии «Фаррес» ба фаъолият шурӯъ хоҳад намуд. Роҳбари корхона Аҳмадхон Давлатов вобаста ба ин мавзӯъ гуфт, ки корхонаи мазкур бо маблағгузории ОАО «Сарват» ва ширкати «Зиёратшоҳ» сохта шуда иқтидори он дар 1 сол 1000 тонна ришта истеҳсол менамояд. Ба гуфтаи ин манбаъ айни ҳол дар корхона 90 нафар бригадаи сохтмонӣ ва васлгарӣ фаъолият доранд. Дар корхона 6 навъи сехҳо : шонакунӣ, пилтабарорӣ, надофӣ, риштаи нимтайёр, ресандагӣ ва калобапечонӣ мавҷуд мебошад. Зикр гардид, ки ҳангоми фаъолият масъулини корхона метавонад 300 нафар коргаронро ба ҷои кор таъмин намояд.  Ашёи хоми корхона аз тарафи ширкати «Зиёратшоҳ» таъмин мегардад. Гуфта мешавад масоҳати корхона аз 2 гектар иборат буда дар сохтмони он ба маблағи 650 ҳазор доллари амрикоӣ масраф гардидааст.   

Июль 2, 2009 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд