ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ ДАР ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕКУ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). — Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, инчунин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо мақсади такмили минбаъдаи ҷараёни омода сохтани мутахассисони варзидаи маълумоти олидор ва рушди ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи маориф филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов ба фаъолият шурӯъ менамояд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе дар бинои донишкадаи собиқи нақлиёти Тоҷикистон ҷой дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз ҷониби Русия Алексей Реймерс роҳбари филиали мазкур таъин гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Одинаевро директори иҷроияи он таъин кард. Соли аввали таҳсил дар ин ҷо ду факулта — факултаҳои гуманитарию иҷтимоӣ, математика ва информатика кушода мешаванд. Имсол ба филиали донишгоҳ ҳамагӣ 75 донишҷӯ қабул карда хоҳад шуд. Вазорати маорифи ҷумҳурӣ рӯзҳои наздик шартҳои қабули донишҷӯён ва маҳалли супурдани ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳ эълон менамояд. Донишҷӯён ба филиали донишгоҳ мувофиқи талаботи қоидаҳои дар Донишгоҳи давлатии Маскав муқарраршуда қабул карда ва имтиҳонҳои хатмкунии онро месупоранд. Тарҷумон — Қудратов А.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






