ФИРИСТАНДАҲОИ РАҚАМӢ НАСБ МЕГАРДАНД

Июль 14, 2009 15:37

                Душанбе, 14 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 1 адад фиристандаи рақамӣ ба кор оғоз менамояд. Алҳол, дар Маркази 1-уми интиқоли мавҷҳои телевизион насби ин фиристандаи рақамӣ бо иқтидори 2,5 киловат оғоз гардидааст.                 Муовини аввали директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки тибқи Консепсияи рушди телевизион ва радио барои солҳои 2009 -2015 пахши барномаҳои телевизионӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар тавассути фиристандаҳои рақамӣ сурат мегирад. Бо насби фиристандаҳои рақамӣ сифати пахши барномаҳои телевизионӣ беҳтар гардида, 1 фиристанда имкон медиҳад, ки аз 6 то 10 барномаи телевизиониро пахш созад. Инчунин, нерӯи барқ, қисмҳои дигари эҳтиётӣ сарфа мегардад. Гузаштан ба фиристандаҳои рақамӣ талаботи ҷомеаи муосир аст. Фиристандаҳои рақамӣ дар асоси шартномаи байни ҶСШК «Телерадиоком» ва ширкати «Квант- эфир»-и Украина аз ин кишвар харида мешавад, ки 1 адади он наздики 300 ҳазор доллари америкоӣ арзиш дорад.               Алҳол дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 828 фиристанда фаъолият дорад, ки 517-тои он ба Шабакаи аввал рост меояд. Гузаштан ва насби фиристандаҳои рақамӣ дар кишварамон марҳила ба марҳила — аввал дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Бадахшон то соли 2015 амалӣ гардонида мешавад.

Июль 14, 2009 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд