ФУТБОЛ ДАР РАШТ
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Нуробод мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол байни дастпарварони мактабҳои варзишӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа 5 даста аз ноҳияҳои Нуробод (ду даста), Рашт, Ҷиргатол ва ш.Роғун иштирок намуданд. Маросими кушодашавии мусобиқа мусобиқа ботантана ва дар сатҳи баланд гузашт, ки дар он роҳбарияти ноҳия ва мухлисони сершумор иштирок карданд. Директори мактаби варзишии ноҳияи Ҷиргатол Бадиров Омилиддин таъкид намуд,ки пас аз истиқлолият чунин мусобиқа нахустин бор дар минтақаи мо мегузарад. Дастаи наврасони ноҳияи Нуробод маҳорати хеле баланд нишон дода, сазовори роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳурявӣ бахшида ба мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Терказарян, ки 20 июли соли равон дар шаҳри Душанбе оғоз меёбад, ноил гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни ин мусобиқа бо ҷомҳо, ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳо мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






