ХУДКУШӢ ДАР СУҒД БОИСИ ТАШВИШИ ҲАМАГОН АСТ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои корманди масъули ҳукумати вилояти Суғд Аъзамхон Холмирзоев, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 89 ҳодисаи ба худкушӣ даст задании шаҳрвандони синну соли гуногун ба қайд гирифта шудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, дар ду соли охир беш аз 400 нафар сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд. Ин масъала боиси нигаронии аҳли ҷомеаи вилоят гардидааст. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ аз ҳисоби кормандони ҳукумати вилоят, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ғайридавлатии занону ҷавонони вилоят комиссияи махсуси тарғибу ташвиқи зидди ин ҳодисаҳо таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти кори комиссия, ҳодисаҳои қасд ба худкушӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфт, аммо дар байни калонсолон чун пештара ташвишовар боқӣ мондааст.








«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад






