ХУДКУШӢ ДАР СУҒД БОИСИ ТАШВИШИ ҲАМАГОН АСТ

Июль 1, 2009 10:32

                Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои корманди масъули ҳукумати вилояти Суғд Аъзамхон Холмирзоев, дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 89 ҳодисаи ба худкушӣ даст задании шаҳрвандони синну соли гуногун ба қайд гирифта шудааст.                 Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, дар ду соли охир беш аз 400 нафар сокинони вилоят даст ба худкушӣ задаанд.                 Ин масъала боиси нигаронии аҳли ҷомеаи вилоят гардидааст.                 Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ аз ҳисоби кормандони ҳукумати вилоят, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои ғайридавлатии занону ҷавонони вилоят комиссияи махсуси тарғибу ташвиқи зидди ин ҳодисаҳо таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти кори комиссия, ҳодисаҳои қасд ба худкушӣ дар байни ҷавонон коҳиш ёфт, аммо дар байни калонсолон чун пештара ташвишовар боқӣ мондааст.  

Июль 1, 2009 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид