ИҚДОМИ НАҶИБИ ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА
Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст тасмим гирифтааст, ки дар доираи маъракаи 900-рӯзи ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ободонию нигаҳдошти минбаъдаи Боғи устод Рӯдакиро ба ӯҳда гирад. Ин ташаббусро Ҳ. Асадуллозода дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон хуш истиқбол гардид. Инчунин, Ҳасан Асадуллозода дар доираи соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ ният дорад, ки дар пойтахт як комплекси муосири варзиширо бунёд созад. Ҳамзамон, ҷиҳати мусоидат ба рушди варзиш ва солимгардонии аҳолии пойтахт дар иҷлосияи шаҳрӣ муқаррар шуд, ки то охири соли равон дар чор ноҳияи шаҳр бо масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо комплексҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






