ИҚДОМИ НАҶИБИ ҲАСАН АСАДУЛЛОЗОДА

Июль 1, 2009 13:50

                   Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аст тасмим гирифтааст, ки дар доираи маъракаи 900-рӯзи ободонӣ ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ободонию нигаҳдошти минбаъдаи Боғи устод Рӯдакиро ба ӯҳда гирад.                   Ин ташаббусро Ҳ. Асадуллозода дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод кард ва он аз ҷониби вакилон хуш истиқбол гардид. Инчунин, Ҳасан Асадуллозода дар доираи соли ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ ният дорад, ки дар пойтахт як комплекси муосири варзиширо бунёд созад.                  Ҳамзамон, ҷиҳати мусоидат ба рушди варзиш ва солимгардонии аҳолии пойтахт дар иҷлосияи шаҳрӣ муқаррар шуд, ки то охири соли равон дар чор ноҳияи шаҳр бо масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо комплексҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд.

Июль 1, 2009 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид