ИМСОЛ АЗ ЧИН БА ТОҶИКИСТОН ЯГОН МОШИН ВОРИД НАШУД

Июль 14, 2009 15:40

            Бадахшон, 14 июн. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Тибқи маълумоти муовини сардори Раёсати минтақавии гумрук дар ВМКБ Ёрмамад Фақиров дар нимсолаи аввали соли 2009 бояд ба буҷаи давлат 5290130 сомонӣ ворид мегардид, аммо бар асари кам гардидани гардиши мол ва афзудани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба буҷаи давлат 3323680 сомонӣ ворид гардидаасту халос. Агар соли 2008 40 дарсади пардохтҳо аз ҳисоби автомобилҳои сабукрави аз Ҷумҳурии халқии Чин воридгардида ситонида мешуд, имсол бошад вориди ягон воситаи нақлиёт тариқи дидбонгоҳи гумруки «Қулма» ба қайд гирифта нашудааст. Назар ба ҳамин давраи соли гузашта 730 эъломияи гумрукӣ камтар ба қайд гирифта шудааст. Ё худ соли 2008 1184, соли 2009 454. Имсол 35 парвандаи маъмурӣ дар боби моли мусодирашуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 зиёдтар буда, ба буҷаи давлат 3500 сомонӣ бештар ворид гардид.

Июль 14, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд