ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД

Июль 31, 2009 10:26

                     Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадалӣ Салим, дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии ноҳия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 22 млн. 185 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.                     Дар корхонаҳои саноатӣ 46 тонна нахи пахта, 79 тонна чигити тухмӣ, 32 ҳазору 617 метри мукааб қум, 41 ҳазору 324 метри мукааб сангпора, 12 ҳазору 514 метри мукааб шағали омехта, 1 млн. 231 ҳазор дона хишт, 1716 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 18 ҳазору 338 дал обҳои минералӣ ва дигар нӯшокиҳо истеҳсол гардиданд.                     Дар ноҳия 17 корхонаи истеҳсоли қуму шағал ва 13 корхонаи хиштбарорӣ фаъолияти худро дар се баст ба роҳ мондаанд.                    Дар нимсолаи якум корхонаҳои хиштистеҳсолкунанда, ки иқтидори 70 млн. дона хиштро дар як сол доранд, сохта ба истифода дода шуданд.

Июль 31, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад