КӮҲНАВАРДОНИ ТОҶИК НИЯТИ ФАТҲИ ҚУЛЛАИ «ОЗОДӢ»-РО ДОРАНД
Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз сад кӯҳнавард аз кишварҳои Русия, Белорус, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия Чехия, Туркия, Испания, Бразилия дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ бахшида ба даҳсолагии «Амалиёти об барои ҳаёт» иштирок менамоянд. Ҳамзамон, кӯҳнавардон дар фатҳи қуллаи баландиаш 6230 метр, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Озодӣ» номгузорӣ гардидааст, иштирок намуда, парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон месозанд. Ин қулла дар шохаи шимолу ғарбии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо воқеъ аст. Экспедитсия бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Сайёҳ» дар партави иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии масъалаҳои туризми экологӣ, кӯҳӣ- варзишӣ ва кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Директори КВД «Сайёҳ» Комилҷон Ҷӯраев зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки аллакай 40 нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд ва рӯзҳои надик боз кӯҳнавардони кишварҳои дигар ба кишварамон сафар менамоянд. Иштирокчиёни экспедитсия баъди мутобиқ гардонидани худ ба иқлими Тоҷикистон ба минтақаи баргузории чорабинӣ то ноҳияи Ҷиргатол тавассути нақлиёт мераванд. Аз он ҷо то лагери базавии экспедитсия майдончаи пиряхи «Москвина» (шимолу ғарби ВМКБ) як қисмашон бо чархбол ва қисми дигарашон пиёда дар муддати 4-5 рӯз ҷамъ омада, қулларо фатҳ менамоянд. Комилҷон Ҷӯраев афзуд, ки соли ҷорӣ нахустин бор дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ 6 нафар кӯҳнавардони тоҷик таҳти роҳбарии кӯҳнаварди тоҷик Шамс Қаҳҳоров иштирок намуда, умед доранд, ки аз аввалинҳо шуда қуллаи «Озодӣ»-ро фатҳ ва парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро болои қулла гузоранд. Доир намудани экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати таблиғи захираҳои бойи табиию рекреатсионии кишварамон муҳим буда, ба баланд гардидани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари мусоид барои рушди туризми байналмилалӣ- хусусан кӯҳнавардӣ мусоидат менамояд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






