КОХИ «ВАТАН» ТО ИДИ НАВРӮЗ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Июль 7, 2009 10:53

                    Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дирӯз, 6 июл нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори муассиса Маҳмадсаид Пиров доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан намуда, аз ҷумла қайд намуд, дар маҷмӯъ тӯли шаш моҳ дар филиалу намояндагиҳои муассиса 25 гузориши таҳлилию интиқодӣ таҳия ва пахш гардид, ки ба андешаи М. Пиров хеле кам аст. Дар ин давра бо мақсади инъикоси фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба хоҷагии халқи мамлакат дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мустақими «Робита» таҳия карда шуд.                    Дар доираи омодагӣ ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди бунёдкориву созандагӣ дар муассиса торафт вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин давра бинои муассиса аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин сохтмони китобхона ва толори корӣ барои идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ анҷом ёфт ва таъмиру тармими кинотеатри «Ватан»-идома дорад. То рӯзҳои Наврӯз кинотеатри мазкур ба истифода дода ба кохи «Ватан» табдил дода хоҳад шуд, гуфт дар хотима М.Пиров.  

Июль 7, 2009 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид