КОХИ «ВАТАН» ТО ИДИ НАВРӮЗ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» дирӯз, 6 июл нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он директори муассиса Маҳмадсаид Пиров доир ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан намуда, аз ҷумла қайд намуд, дар маҷмӯъ тӯли шаш моҳ дар филиалу намояндагиҳои муассиса 25 гузориши таҳлилию интиқодӣ таҳия ва пахш гардид, ки ба андешаи М. Пиров хеле кам аст. Дар ин давра бо мақсади инъикоси фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар самти пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба хоҷагии халқи мамлакат дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мустақими «Робита» таҳия карда шуд. Дар доираи омодагӣ ба 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди бунёдкориву созандагӣ дар муассиса торафт вусъати тоза пайдо мекунад. Дар ин давра бинои муассиса аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин сохтмони китобхона ва толори корӣ барои идораи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ анҷом ёфт ва таъмиру тармими кинотеатри «Ватан»-идома дорад. То рӯзҳои Наврӯз кинотеатри мазкур ба истифода дода ба кохи «Ватан» табдил дода хоҳад шуд, гуфт дар хотима М.Пиров.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






