КОРХОНАИ ХИШТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Июль 1, 2009 16:57

                  Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар натиҷаи ҳамкории мутахассисони Тоҷикистон ва Чин дар деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи нави хишт сохта ба истифода дода шуд.                   Корхона бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ бо маблағи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Алиев ва ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» бунёд гардид.                  Дар маросими кушодашавии корхона муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва роҳбари ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» Ли Ҷенҷун иштирок намуданд.                   ҶДММ «Тоҷикистон Джуня» фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2006 фаъолият дорад. Бо маблағи он 20 июли соли 2007 дар деҳаи «Тезгари-поён»-и ҷамоати деҳаи «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи хишт сохта шуда буд.                   Корхона бо техника ва технологияи замонавӣ ҷиҳозонида иқтидори солонаи он 8 млн. дона хишти аълосифат мебошад.                    Дар он 100 нафар коргар кор мекунад, 70 % коргарони он сокинони маҳаллӣ мебошанд.  Барои сохтани корхона 250 ҳазор доллари ШМА сарф карда шуд.                    Арзиши асли як дона хишти ин корхонаҳо 28 дирам буда, бо усули шартномавӣ фурӯхта мешавад.                   Ба кор даромадани ин корхонаҳо ба ғанӣ гардонидани буҷети давлат мусоидат менамояд, гуфт А. Алиев.

Июль 1, 2009 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд